Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиш аз омодагии Афғонистон ба давраи гузариш


Як гузориши нав дар бораи Афғонистон бо ишора ба беруншавии нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар соли 2014-ум ҳушдор медиҳад, ки Афғонистон ба тарафи як бӯҳрони даҳшатнок ҳаракат дорад. Гузоришро бо номи “Афғонистон: Роҳи тӯлонии душвор ба гузариши соли 2014-ум” Гурӯҳи ғайридавлатии пажӯҳиши бӯҳронҳо, ки марказаш дар шаҳри Брусел аст, омода кардааст. Кендис Рондо- коршиносои баландпояи умури Афғонистон дар Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, таҳдиди воқеӣ ин аст, ки баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014-ум ҳукумати Афғонистон метавонад фурӯ пошад. Рондо илова кардааст, ки артиш ва полиси афғон ба давраи гузариш тайёрии кофӣ надоранд ва ҳамчунон ҳукумат шароитро барои интихоботи одилона дар соли 2014-ум омода накардааст.
XS
SM
MD
LG