Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси шашметраи Путин дар қуллаи кӯҳ гузошта шуд


Аксҳои Путин
Аксҳои Путин
Дирӯз мардуми зиёде президенти Русия Владимир Путинро бо 60-умин зодрӯзаш табрик карданд. Як идда раҳбарони давлатҳо ба ӯ барқияҳои табрикӣ фиристодаанд. Гурӯҳи аз кӯҳнавардони дар Осетияи Шимолӣ акси шашметраи Путинро дар қуллаи кӯҳ дар баландии 4150 метр ҷой додаанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия худи Путин зодрӯзашро дар Санкт Петербург дар ҳалқаи хурди дӯстон сипарӣ намуд.
Шаби якшанбе телевизиони НТВ-и Русия мусоҳиба бо Путинро намоиш дод. Дар ин сӯҳбат президенти Русия гуфт, ҳозир аст, имкони афви сармоядори маҳбус, раиси ширкати нафти Юкос-Михаил Ходорковскийро арзёбӣ кунад, вале қабл аз он Ходорковский бояд аз ӯ дархости афв кунад. Ходорковский бо ду ҷиноят айбдор дониста шуда, то соли 2017-ум аз озодӣ маҳрум шудааст. Иттиҳоми Ходорковский замоне шурӯъ шуда буд, ки ӯ ба сиёсат рӯй овард.
Путин боздошт ва ҳабси се хонуми гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot-ро низ амали дуруст номид. Онҳо баъди ҳунарнамоии эътирозӣ бар зидди ҳукмронии президент Путин дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав ду солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Бо ишора ба нокомии ҳизби президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар интихоботи парламентии якуми октябр президенти Русия гуфт, ӯ бовар дошт, Саакашвилӣ кӯшиш мекунад, дар сари қудрат боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG