Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе хабаргузориҳои гурҷӣ иттилоъ доданд, ки дар деҳаи Сачино, воқеъ дар ғарби ин кишвар, Антиса Хичаваи 132-сола вафот кардааст. Хонум Хичава тибқи ҳуҷҷатҳояш 8-уми июли соли 1880 ба дунё омада, бар пояи он пиронсолтарин фарди рӯи олам ҳисоб мешуд. Ӯ мегуфт, ки сабаби умри дарозаш дар нӯшидани 50 грамм чача, яъне шароби ангурӣ мебошад, ки ӯ ҳар субҳ пеш аз оғози кор менӯшидааст.
Хабаргузориҳо дар бораи вақти вафоти ин зан хабари дақиқ надодаанд, вале навиштаанд, ки дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG