Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон Толибон иддаои пирӯзӣ доранд


Толибони таслимшуда бо нусхаи Қуръон дар даст ба сафҳои артиши афғон шомил мешаванд

Толибони таслимшуда бо нусхаи Қуръон дар даст ба сафҳои артиши афғон шомил мешаванд

Баъди 11 соли оғози амалиёти байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон ҷунбиши Толибон изҳороте пахш намуда, иддао кардааст, ки ИМА ва паймони НАТО-ро ноком кардааст.
Дар изҳороти Толибон, ки рӯзи якшанбе нашр шуд, гуфта мешавад, нерӯҳои хориҷӣ бо сари хам Афғонистонро тарк мекунанд. Амалиёти байналмилалӣ дар Афғонистон 7-уми октябри соли 2001-ум шурӯъ шуда буд.
Дар ин муддат эътилофи зери раҳбарии ИМА ба зудӣ ҳукумати Толибонро аз сари қудрат дур карда, дар моҳи майи соли 2011-ум раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодинро, ки сарпарасти ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум ба шумор меравад, ба қатл расонд.
Нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2014-ум шумораи сарбозонашонро ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG