Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули оташ дар марзи миёни Сурия ва Туркия


Артиши Туркия дар марз бо Сурия мавқеъ мегирад
Артиши Туркия дар марз бо Сурия мавқеъ мегирад
Рӯзи якшанбе як тири тӯпхона, ки аз қаламрави Сурия партоб шуда буд, дар назди анбори ғаллаи шаҳри туркии Оқчақалъа ба замин бархӯрд. Дар пайи он тӯпхонаи Туркия қаламрави Сурияро мавриди оташ қарор дод. Панҷ рӯз инҷониб миёни ду кишвар табодули оташ ҷараён дорад. 3-уми октябр як гулӯлаи аз хоки Сурия партоб шуда, боиси марги 5 сокини шаҳри Оқчақалъаи Туркия шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, тирҳои тӯпхонаи Туркия дар назди шаҳри Тал Абяди Сурия ба замин афтиданд. Ба навиштаи хабаргузории туркии Анадолу Тал Абяд зери тасарруфи мухолифини режими президенти Сурия Башор ал-Асад қарор дорад, вале нерӯҳои вафодор ба ҳукумат саъй доранд, дубора шаҳрро ишғол намоянд. Туркия ҳузури низомиаш дар марз бо Сурияро таҳким бахшидааст. 4-уми октябр парламенти Туркия ба ҳукумат иҷозат дод, дар ҳоли зарурат дар хоки Сурия амалиёти дифоӣ гузаронад.
Дар худи Сурия бошад, хабаргузориҳои давлатии ин кишвар навиштаанд, ки рӯзи якшанбе бар асари бомбгузории мошин дар назди яке аз пойгоҳҳои полиси шаҳри Димашқ як нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG