Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯъёи гурҷӣ" хостори музокирот бо ҷудоихоҳон шуд


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, ки дар интихоботи ахири парлумонии Гурҷистон баранда шудааст, дар бораи омодагияш ба музокирот бо Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон бидуни ширкати Русия хабар дод.

Бидзина Иванишвилӣ, раҳбари ин эътилоф гуфт, онҳо мехоҳанд қавонини Гурҷистон дар робита ба ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро, ки Тифлис онҳоро “қаламрави забтшуда аз сӯи Русия” мехонад, сабуктар кунад.

Иванишвилӣ афзуд, ки “Рӯъёи гурҷӣ” барои музокироти сиёсии густурда бо Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG