Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Панетта аз густариши низоъ ба ҳамсоякишварҳои Сурия


Леон Панетта

Леон Панетта

Низомиёни Туркия, ки дар марз бо Сурия мустақар шудаанд, ба тирборони тасодуфӣ аз сӯи кишвари ҳамсоя бо оташи тӯпхона ҷавоб мегӯянд. Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ чанд рӯз боз дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Туркия идома доранд.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, тайид кард, ки дар сурати зарурӣ артиши кишвар аз рӯи тасмими парлумон барои истифодаи нерӯ берун аз қаламрави Туркия амал мекунад.

Вазъ дар марзи миёни Сурияву Туркия баъд аз он ноором шуд, ки дар асари тирборони як рустои туркӣ аз он сӯи сарҳад панҷ сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи шанбе Леон Панетта, вазири дифои ИМА, аз имкони ба кишварҳои дигари минтақа интиқол ёфтани низоъ дар Сурия ҳушдор дод:Ба гуфтаи ӯ, "ин низоъ ба кишварҳое ҳамсояе чун Туркия интиқол меёбад ё не, ҳанӯз рӯшан нест, вале тирборони ҳамдигар аз сӯи ду кишвар нигарониҳои иловагиро дар ин бора ба миён овардааст".

Ба навиштаи хабаргузориҳо, имрӯз задухӯрдҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ва мухолифини мусаллаҳ дар Ҳалаб, Ҳомс, атрофи Димишқ ва дар шимол – дар марз бо Туркия шиддат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG