Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имрӯз 60 сола шуд. Бори чаҳордаҳум ӯ зодрӯзи худро дар яке аз ду мақоми олии Русия қайд мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, хабар дод, ки Владимир Путин ҷашни 60-солагияшро дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳалқаи пайвандону наздикон таҷлил хоҳад кард.

Фаъолони мухолифини ҳукумати Русия мехоҳанд дар маркази Маскав флэш-моберо зери унвони “Бобоҷонро ба нафақа гусел мекунем” доир намоянд. Ҷунбишҳои ҷавонони пуштибон аз Кремл ҳам дар зодрӯзи Владимир Путин чанд маҳфилу чорабинии ҷашнӣ баргузор карданианд.
XS
SM
MD
LG