Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Чин боз як рӯҳонии тибетӣ худро оташ зад. Ба иттилои Радиои Осиёи Озод, як рӯҳонии 27-сола, дар яке аз ибодатгоҳҳои буддоӣ дар вилояти Гансу, воқеъ дар ғарби Чин, ба нишони эътироз алайҳи сиёсати Пекин дар Тибет ба ин амал даст задааст.

Се рӯз пеш, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, Гудруб, як адиби тибетӣ, ки бо даъватҳои худ барои муқовимати бидуни силоҳ бо ҳукумати Чин маъруф буд, низ худро оташ зада буд.

Тайи се соли ахир дар Тибет дасти кам 44 нафар ба нишони эътироз алайҳи сиёсати ҳукумати Чин худро сӯзонидаанд.
XS
SM
MD
LG