Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози амрикоӣ дар шарқи Афғонистон


Дар шабехуни нерӯҳои мухолифи ҳукумати Ҳомид Карзай, дар шарқи Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд.

Гузориши артиши Амрико бидуни эъломи ҷузиёт ҳикоят аз он дорад, ки ин ҳамла рӯзи шанбе анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли як манбаи огоҳ гузориш дод, ки ду сарбози амрикоӣ дар асари оташи силоҳи сабук ва дар вилояти Вардак кушта шуданд.

Бо иловаи ин ду қурбонӣ, шумораи талафоти низомиёни амрикоӣ дар соли ҷорӣ ба 257 тан мерасад. Аз оғози ҷанги Афғонистон, беш аз ду ҳазор сарбози амрикоӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои ISAF низ кушта шудани ду сарбози амрикоиро таъйид карданд. Дар як хабарномаи нерӯҳои байналмилалӣ гуфта шудааст, ки ин сарбозон ба дунболи як ҳамлаи шӯришиён рӯзи шанбе дар шарқи Афғонистон кушта шудаанд.

Ҳамзамон, аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар ҳамлаҳои маъмурони амниятии Афғонистон бо муттаҳидони ғарбиашон, 52 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

Баъд аз авҷ гирифтани ингуна ҳамлаҳо, се ҳафта пеш Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки амалиёти муштарак бо нерӯҳои афғонро камтар мекунанд.

Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дар сӯҳбате бо телевизиони CBS-и Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳамлаҳои сарбозони афғон ба нерӯҳои ғарбӣ ӯро ба хашм овардааст. Ӯ дар ин мусоҳиба гуфтааст, онҳо омодаанд барои мубориза алайҳи ифротгароён дар Афғонистон ҷонфидоӣ кунанд, аммо на ба ин шакл. Толибон пайваста масъулияти ҳамлаҳои дохилӣ ба нерӯҳои хориҷиро бар дӯш гирифта ва гуфтаанд, ин ҳамлаҳо кори дасти аъзои онҳост, ки ба сафи артиши Афғонистон роҳ ёфтаанд.

Қарор аст, то соли 2014-ум нерӯҳои ҷангии хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, аммо қисме аз онҳо барои тарбияву тамрини сарбозони афғон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG