Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия имрӯз 7-уми октябр, 60-умин зодрӯзи худро таҷлил менамояд.

Барои бархе Путин як қаҳрамон аст, ки Русияро аз парокандагӣ ва фурӯпошӣ ҳифз намуд, ҳарчанд Маркази афкори умум дар Русия (ВЦИОМ) мегӯяд, шаҳрвандони ин кишвар дигар Владимир Путинро ба унвони “қаҳрамон” қабул надоранд.

Бинобар таҳқиқоти ин марказ, дар тӯли даҳ сол, аз соли 2002 то соли 2012 Владимир Путин чаҳоряки ҷонибдорони худро аз даст додааст. Теъдоди нафароне, ки аз Путин таассуроти матлуб доштанд 20 дарсад коҳиш ёфта, аз 79% ба 59% поин омадааст. Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант", дар ин миён шумори нафароне, ки Путин ба онҳо таъсири номатлуб доштааст, аз 8 то 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бархе ҳам ӯро як мустабид ва диктатор мемонад, ки мухолифони худро бераҳмона саркӯб менамояд. Дмитрий Орлов, сиёсатшинос ва узви Палатаи Ҷамъиятии Русия гуфтааст, устура ё мифи Путин, дар замоне, ки мардум ӯро ҳамчун наҷотбахши кишвар унвон мекарданд, таъсири худро гум кардааст. Сиёсатшиносони дигар лаҳни шадид дар гуфтори Путин ва тасвиби қонунҳои сахтгиронаи ӯро, талоши нерӯ бахшидан ба аксарияти муҳофизакор маънидод кардаанд. Ба бовари коршиносони рус, ҳатто ҳиллаҳои сиёсие монанди “парвоз бо турнаҳо” наметавонанд маҳбубияти гузаштаи ӯро ҳамчун “раҳбари миллат” барқарор кунад.


Коршиносони рус мегӯянд, айни замон Путин намехоҳад “диктатор” бошад ва ин калимаро дӯст намедорад, аммо ӯ ба системае ниёз дорад, ки аз хати кашидааш берун наравад ва нақши ӯро ҳамчун фигураи калидӣ зери суол набарад. Ба гуфтаи ин коршиносон, решаи таъсиси “Политбюро”, низ дар ҳамин нуҳуфтааст. Яъне, кишварро раҳбарони кланҳои бонуфуз идора мекунанд, аммо ин система бе Путин аз кор мебарояд. Ба ибораи дигар, Путин мавқеъи худро бо бетону семент мустаҳкам кардааст.

Дар як гузорише, ки дар авохири моҳи август, мухолифини ҳукумати Русия ба табъ расондаанд, президенти Русия Владимир Путин бо он муттаҳам мешуд, ки тарзи ҳаёти шабеҳи шоҳони кишварҳои Халиҷи Форс ва ё олигархҳои ҳангоматалабро ихтиёр намудааст. Ин гузориши мухолифон бо номи нешдори “Ҳаёти ғуломи порузан” (“Жизнь раба на галерах”) нашр шуда буд. Ба ин восита муаллифон суханони президент Путинро такрор кардаанд, ки боре ҳаёти президенти кишварро ба ҳаёти ғуломи порузан, яъне ғуломе, ки дар асрҳои миёна пору ё худ бел зада киштиро ба ҳаракат медаровард, монанд карда буд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки президенти Русия камаш 20 қаср, даҳҳо ҳавопаймову мошини гаронбаҳо ва дигар имтиёзҳои шоҳона дораду маҳз ҳамин ҳаёти саршор аз имтиёз боис шудааст, ки Путин курсии раёсатҷумҳуриро муҳосира кунад. Дар гузориш акси қасрҳо, ҳавопаймоҳо ва киштиву мошинҳои президенти Русия ҷой дода шудааст.


Муаллифон хотирнишон мекунанд, ки дар солҳои ҳукмронии Путин шумораи қароргоҳҳои раёсатҷумҳурии Русия 11 адад бештар шуда, ба 20 қасру кушк баробар шудааст. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки барои барқарор намудани як қасри даврони шоҳони Русия дар канори Санкт-Петербург, даҳҳо миллион доллар масраф шудааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, Путин 43 ҳавопаймо, 15 чархбол, чор киштӣ ва даҳҳо мошини гаронбаҳо дар ихтиёр дорад, ки нархи танҳо як ҳавопаймояш аз як миллиард доллар бештар аст.

Дар идомаи гузориш ёдрас мешавад, ки президент Путин 11 соати дастӣ дорад, ки нархи бозории он ба камаш 687 ҳазор доллари амрикоӣ, яъне маоши шашсолаи президенти Русия баробар аст. “Маҷмӯаи соатҳои дастии Путин ба 22 миллион рубли русӣ, яъне маоши шашсолаи ӯ баробар аст. Чӣ гуна як шахсе, ки солона 3 миллиону шашсад ҳазор рубл маош дорад, чунин коллексияи соатҳоро ба даст овардааст. Ба ақидаи мо, ин ҷо фасод ба чашм мехӯрад. Ё ӯ, масалан, ба маблағи 500 ҳазор рубл соате ҳамчун тӯҳфа мегираду онро дар ҷое зикр намекунад, ки ин ҳол порахӯрӣ аст ва ё ин, ки даромади ӯ бо эъломияи пешниҳодкардааш мутобиқ нест”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG