Пайвандҳои дастрасӣ

Аз вуруди хориҷиён ба Вазиристон ҷилавгирӣ мешавад


Мақомоти Покистон изҳор намуданд, ки аз вуруди хориҷиёни ширкаткунанда дар раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба Вазиристони ҷанубӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Ин раҳпаймоӣ, ки аз сӯи Имрон Хон, сиёсатмадори покистонӣ ва дар гузашта яке аз бозингарони маъруфи крикет, созмон дода шудааст, субҳи рӯзи шанбе шурӯъ шуд. Қарор аст, ки раҳпаймоён дар тақрибан сад мошин ва автобусҳо 400 километр роҳ аз Исломобод то Вазиристони ҷанубиро тай кунанд.

Созмондиҳандагони раҳпаймоӣ мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта мешавад. Мақомоти расмии Покистон низ ин зарбаҳоро маҳкум мекунанд ва онро “нақзи истиқлолияти кишвар” мехонанд. Аммо мақомоти низомии ИМА мутмаинанд, ки ин зарбаҳо дар мубориза бо афроди мусаллаҳи мустақар дар марзи миёни Покистону Афғонистон ногузиранд ва дар онҳо асосан толибон ва аъзои дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҳадаф қарор мегиранд.

Мақомоти Покистон аз он ҳарос доранд, ки раҳпаёмоён аз ИМА ва Бритониё мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ қароо мегиранд.
XS
SM
MD
LG