Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошӯбгарон таҳдиди қатли гаравгонҳоро карданд


Ошӯбгарони суриягӣ гуфтаанд, гаравгонҳои эрониеро, ки аз моҳи август нигаҳ медоранд, эъдом хоҳанд кард. Шабакаи телевизионии CNN дар ин бора бо такя ба пахши як навор дар сомонаи YouTube хабар дод. Яке аз фармондеҳони ошӯбгарон гуфтааст, ки на Димишқ ва на Теҳрон ба талаби онҳо – раҳоии ошӯбгарони боздоштшуда ба ивазии раҳоии 48 эронии гаравгон посухе нагуфтаанд.

Низомиёни Туркия рӯзи шанбе ба қаламрави Сурия аз тӯпхона оташи ҷавобӣ кушоданд. Аз ин пеш дар канори як деҳаи туркӣ гулулае инфиҷор шуд, ки аз ҷониби Сурия андохта шуд. Дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Тирборони қаламрави Туркия чаҳор рӯз боз идома дорад, зеро даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар марз бо ин кишвари ҳамсоя сурат мегиранд.

Рӯзи панҷшанбе Шӯрои амнияти СММ мақомоти Сурияро барои тирборони маҳаллаҳои марзии Туркия, ки бар асари он 5 нафар, аз ҷумла, се кӯдак ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум кард. Аз ин пеш парлумони Туркия ба артиш барои доир намудани амалиёти низомӣ дар хориҷи кишвар ба хотири дифоъ аз марзу аз мардуми осошта иҷоза дода буд.
XS
SM
MD
LG