Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Либия ба амалиёт дар Бани Валид омода мешавад


Нерӯҳои ҳукуматии Либия шаҳри Бани Валид, воқеъ дар ҷанубу шарқи пойтахт – Троблусро муҳосира кардаанд. Ин шаҳрро аз такягоҳҳои ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин Муаммар Қаззофӣ мехонанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки интиқоли маводи озӯқа ва маводи сӯхт ба шаҳр пурра қатъ шудааст. Низомиён амри вуруд ба шаҳр ва боздошти ҷонибдорони эҳтимолии Қаззофиро интизоранд.

Амалиёт дар Бани Валид – вокуниши мақомоти Либия ба ҳалокати яке аз ошӯбгаронест, ки як сол пеш дар боздошти Қаззофӣ ширкат карда буд. Ин ошӯбгарро афроди мусаллаҳ дар Бани Валид дастгир ва шиканҷа карданд ва баъдан раҳо намуданд, вале ӯ аз ҷароҳатҳои зиёд даргузашт.

Мақомоти Либия ба низомиёну полис амр карданд, ки барои муҷозоти муҷримон аз ҳама чораҳо кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG