Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: Аз таҳримҳо мардуми Эрон ранҷ мекашанд


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, изҳор намуд, ки аз таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон мардуми оддии ин кишвар ранҷ мекашанд. Ӯ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ гуфт, ки дар Эрон мизони таваррум ва бекорӣ боло меравад, мардум ба дорувории асосӣ дастрасӣ надоранд. Бар асари таҳримҳо, афзуд Бан Ки Мун, баргузории амалиёти байнулмилалии башарӣ дар Эрон номумкин аст.

Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба хотири водорсозии Теҳрон барои даст бардоштан аз идомаи таҳқиқи барномаи ҳастаӣ дар як соли ахир шадидтар шуданд.
XS
SM
MD
LG