Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 7 ҳазоре, ки соли гузашта донишгоҳу коллеҷҳои омӯзгориро хатм карданд, ними онҳо барои кор дар мактаб ҳозир нашуданд.

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, аксар ҳукуматҳои маҳаллӣ омӯзгорони ҷавонро дастгирӣ намекунанд ва ин боис шудааст, то бештари онҳо барои кор дар мактабҳо ҳозир нашаванд. Зиёратшо Нарзуллоев, муовини сардори раёсати кадрҳои Вазорати маориф, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, "мутахассисони ҷавон дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ пурра дастгирӣ намеёбанд. Ба истиснои якчанд шаҳру ноҳияҳое, ки онҳоро дастгирӣ мекунанд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар амал иҷро намегардад."

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯз шаш соли пеш ба тасвиб расидааст, барои дастгирии омӯзгорони ҷавоне, ки аз 1 то 3 соли собиқаи корӣ доранду шӯъбаҳои рӯзонаи донишгоҳҳоро хатм намудаанд, як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла бидуни навбат гирифтани замини наздиҳавлигӣ, замин барои боғдорӣ, ба даст овардани қарзҳои имтиёзнок муқаррар карда шудааст. Зиёратшо Нарзуллоев мегӯяд, то кунун ҳамагӣ 1 ҳазору 800 муаллими ҷавон аз чунин имтиёзҳо баҳравар шудаанду халос.

Ин масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон афзуд, ин аст, ки соли гузашта муассисаҳои оливу касбии риштаи омӯзгории кишварро бештар аз 7 ҳазор нафар хатм намуда ва аз ин теъдод танҳо каме бештар аз 60 дарсади онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ҷаноби Нарзуллоев, дар кишвар қариб 900 муаллим намерасад.

Дар замони Шӯравӣ муаллим 500 рубл мегирифт ва зиндагии беҳтарин дошт. Он вақт ҷавонон ҳам алоқаманд буданд, ки дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил намоянд...

Ҷалилбой Қурбоналиев, чанд сол пеш факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм намуд, аммо муаллим нашуд. Ҳоло ӯ дар як корхонаи истеҳсолӣ ба ҳайси челонгар корро шурӯъ намуда ва мегӯяд, бо маоши коргарӣ метавонад, ба таври бояду шояд ниёзҳои худу хонаводаашро барорад. "Шароити зиндагӣ вазнин буд, рости гап, муаллимӣ ҳам накардам. Бо маоши муаллимӣ кашидани аробаи зиндагӣ хеле мушкилу миёншикан аст",-гуфт ӯ.

Давлати Тоҷикистон дар се соли пеш иқдомеро рӯи даст гирифт, ки тибқи он мутахассисони ҷавоне, ки мувофиқи роҳхат ба ҷойи кор бесабаб ҳозир намешаванд, бояд маблағҳои давлатро баргардонанд. Ба иттилои Вазорати маориф соли гузашта 35 нафар чунин ҷавонон маблағҳои буҷаро баргардонидаанд, ки 180 ҳазор сомониро ташкил додаст.

Далер Одинаев, соли гузашта Донишгоҳи давлатии омӯзгориро бо ихтисоси омӯзгор хатм намудааст. Ӯ низ тариқи буҷавӣ дар ин донишгоҳ таҳсил намуда, танҳо ба хотири барнагардонидани маблағҳои давлат дар яке аз омӯзишгоҳҳои касбии кишвар ба ҳайси устои таълими истеҳсолӣ кор мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, маоши устои таълими истеҳсолӣ аз моҳонаи муаллим як каме бештар аст.

Таҷриба ҳам нишон медиҳад, ки бештари ҷавонони тоҷик ба хотири дарёфти диплом, яъне маълумоти олӣ ба донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳҳои омӯзгорӣ дохил мешаванд. Ин аст, ки Мардон Муҳаммадҷонов, коршиноси соҳаи маориф, ҳалли мушкилро дар маҷбуран ҷалб намудани мутахассисони ҷавон ба пешаи омӯзгорӣ намебинад: "Аз роҳи иҷборӣ мушкили маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳал намегардад. Дар замони Шӯравӣ муаллим 500 рубл мегирифт ва зиндагии беҳтарин дошт. Ҷавонон ҳам аксаран алоқаманд буданд, ки дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил намоянд ва раванд дар мактабҳо омӯзгор шаванд. Ҳамин чизро мешавад дубора барқарор намуд, агар дар сурате, ки ҳукумати Тоҷикистон дубора ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии муаллим бипардозад ва ин мушкил ҳам ҳалли худро меёбад."

Феълан дар кишвар 97 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 53 ҳазори онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Қариб 900 нафар омӯзгор дар макотиби кишвар намерасад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG