Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Туркия гулӯлаборони Сурияро аз сар гирифт


Нерӯҳои артиши Туркия

Нерӯҳои артиши Туркия

Дар пайи партоби хумпораи дувум аз сӯи Сурия ба Туркия, нерӯҳои Анкара қаламрави ҳамсояашро боз гулӯлаборон кард.

Хабаргузории давлатии Туркия гузориш дода, ки нерӯҳои артиши ин кишвар рӯзи ҷумъа, панҷуми октябр, дар посух ба партоби як хумпораи дигар манотиқе аз Сурияро ҳадафи оташи тӯпхона қарор додаанд.

Тирборони қаламрави Туркия чаҳор рӯз боз идома дорад, зеро даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар марз бо ин кишвари ҳамсоя сурат мегиранд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки кишвараш нияти шурӯи ҷангро надорад, аммо рӯзе тоқаташ тоқ хоҳад шуд: "Ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд Туркияро тарсонанд, то куҷо қатъӣ буданаш ё имконияташро биозмоянд, изҳор мекунам – Шумо иштибоҳи марговар мекунед!"

Рӯзи панҷшанбе Шӯрои амнияти Созмони Милал Димишқро барои тирборони маҳаллаҳои марзии Туркия, ки бар асари он 5 нафар, аз ҷумла, се кӯдак ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум кард. Аз ин пеш, парлумони Туркия ба артиш барои доир намудани амалиёти низомӣ дар хориҷи кишвар ба хотири дифоъ аз марзу мардуми осошта иҷоза дода буд.

Аз сӯи дигар, ҳанӯз мушаххас нашуда, ки чигуна гурӯҳе ба хоки Туркия оташ кушодааст. Сурия ба хотири кушта шудани шаҳрвандони Туркия бар асари асобати хумпора ибрози таассуф карда ва гуфтааст, дар бораи ин ҳодиса таҳқиқ мекунад.

Рӯзи панҷшанбе Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфта буд, тасмим ба гулӯлаборони Сурия пас аз партоби хумпора дар чанд навбат ба хоки Туркия сурат гирифтааст. Нахуствазири Туркия гуфт, иттифоқ як бор, ду бор ё се бор рӯй медиҳад, аммо идомаи чунин рӯёрӯиро дигар наметавон ба пойи иттифоқ ва тасодуф гузошт.

Туркия зимни ин ки ҳомии мухолифони мусаллаҳи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия аст, аз ҳазорон овораи суриягӣ низ мизбонӣ мекунад. Пештар Туркия хостори эҷоди як минтақаи ҳоил дар хоки Сурия шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG