Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар мешуд, ба президент чӣ тӯҳфа мекардед?


Ду нафар гуфтанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳама чиз дорад ва онҳо намедонанд, барояш чӣ тӯҳфа кунанд.

Дар бархе аз кишварҳо шаҳрвандон ба сарварони кишвари худ дар иду арафа тӯҳфаҳои гуногун мефиристанд. Гоҳе ин тӯҳфаҳо маънои рамзӣ доранд ва мақсад аз фиристодани онҳо ба масъалае ҷалб кардани диққати раҳбар аст.

Вақте ки мо дар хиёбонҳои Душанбе аз раҳгузарон пурсидем, ки агар имконияте пайдо мешуд, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар зодрӯзаш чӣ чиз тӯҳфа мекардед, гумон доштем, афроде пайдо хоҳад шуд, ки ба воситаи ҳадияи идонаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон паёме хоҳанд дод. Вале шояд барои он ки рӯзи таваллуд як иди шахсист ва хосияти хеле зиёди инсонӣ дорад, аксарият дар посух ба суоли мо аз тӯҳфаҳои самимонаи инсонӣ сӯҳбат карданд.

Албатта, дар сурати дилхоҳ мешавад, ба бархе аз ин ҳадияҳо, аз ҷумла китоби "Қуръон" ё "ҷӯробҳои бадахшӣ" маънои муайяни рамзӣ дод, аммо, агар ин видеоро бубинед, мефаҳмед, ки муаллифонии чунин тӯҳфаҳо дилсофона ҳарф мезананд. Видеоро бубинед ва лутфан, бинависед, ки агар ба Шумо суол медоданд: "Ба Эмомалӣ Раҳмон дар зодрӯзаш чӣ чизе тӯҳфа мекардед?" чӣ ҷавоб медодед?

Ба президент чӣ тӯҳфа мекардед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
XS
SM
MD
LG