Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯ имрӯз шояд машҳуртарин фарди сайёра аст. Аммо як сол қабл бештари ҳамдиёронаш дар хиёбонҳо бетафовут аз канораш рад мешуданд.

Номи Бидзина Иванишвилӣ солҳо сари забонҳо буд, вале ба ҷуз пайвандону теъдоди на он қадар зиёди дӯстон, касе ӯро надида буд. Миллиардери гурҷӣ дар деҳаи Чорвила, дар хонае мезист, ки чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Аммо расо як сол пеш ӯ дар экрани телевизиорҳо ҳувайдо шуд ва эълом дошт, ки ҳизби мухолифи ҳукуматро таъсис мекунад. Ва бо гузашти як сол “Рӯъёи гурҷӣ”, эътилофи таҳти раҳбари ӯ, дар интихоботи парлумонӣ ҳизби “Ҷунбиши ягонаи миллӣ”, ҳизби раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро шикаст дод. “Рӯъёи гурҷӣ” бо дарёфти 55 дар сади раъйҳо бештари курсиҳои парлумони нави Гуристонро соҳиб мешавад ва ҳукумати навро ташкил хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, ки Бидзина тавассути пул, хислатҳои фардӣ ва иштибоҳҳои ҳизби ҳукмрон тавонист, ки таърихи муосири Гурҷистон тағйир диҳад.

АЗ ЧОРВИЛА ТО ФЕҲРИСТИ "ФОРБС"

...Бидзина Иванишвилӣ 56 сол пеш дар деҳаи Чорвила, дар канори шаҳри Чиатура, ба дунё омадааст. Зимнан, Чиатура – зодгоҳи яке аз бузургтарин шоирони муосири гурҷӣ Григол Абашидзе аст. Дар ин шаҳр ҳамчунин ҳунарманди маъруфи синамои шӯравӣ Арчил Гомиашвилӣ, ки бо иҷрои нақши Остап Бендер дар филми «12 курсӣ» дар шӯравии собиқ шӯҳрат ёфта буд ва шоираву драмнавис Мария Бараташвилӣ, муаллифи таронаи мардумии "Саповнела», чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Замони шӯравӣ сокинони Чиатура аз дигар ҳамшаҳрияшон Михаил Георгадзе, Котиби Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, низ ифтихор мекарданд.

Роҳи Бидзина аз остонаи манзили падарӣ дар Чорвила то мансабҳои воло ва дороиии чандмиллиардӣ, ба гуфтаи коршиносон, таҷассумгари хобу хаёл набудани «рӯъёи гурҷист».

Бидзина Иванишвилӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тифлис аст. Соли 1986 дар Маскав рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва солҳои тӯлонӣ дар пойтахти Русия ба тиҷорату бонкдорӣ машғул буд. Ӯ аз поягузорони бонки «Российский кредит» буд ва то авоили ҳамин сол мақоми муовини аввали раиси бонкро бар ӯҳда дошт.

Соли 1994 дар ИМА ва баъдан дар Фаронса зиндагӣ мекард. Соли 1997 дар Русия ширкати холдингии «Металлоинвест»-ро таъсис дод ва соли 2000 муовини аввали раиси кулли корхонаи маъдани Стойлен буд. Имсол Бидзина ҳама моликияташ дар Русия, аз ҷумла, дорухонаҳои маъруфи «Доктор Столетов»-ро фурӯхт. Ҳоло соҳиби бонки гурҷии «Карту» мебошад.

Бидзина Иванишвилӣ бо 6,4 миллиард доллар дар феҳристи миллиардерҳои «Форбс» дар мақоми 153-юм қарор дорад. Ӯ соли 2006 дар музоядаи «Сотбис» мусаввараи Пабло Пикассо «Дома Маар бо гурба»-ро ба малбағи беш аз 95 миллион доллар харидорӣ карда буд.

ПИРӮЗИИ "ҒАЙРИИНТИЗОР"?

Пирӯзии “Рӯъёи гурҷӣ” ба шикасти ҳизби ҳукмрон барои аксари сиёсатмадорон ғайримунтазира буд. Бештари онҳо мутмаин буданд, ки ҳизби Михаил Саакашвилӣ дар ин маърака ҳам баранда мешавад ва ҷонибдорони Иванишвилӣ бо мақоми дуввум иктифо мекунанд. Зимнан, назарҳо дар бораи пирӯзии “Рӯъёи гурҷӣ” дар интихобот яксон нестанд. Каха Кукава, раиси ҳизби “Гурҷистони озод” мегӯяд, ки мардум на барои Иванишвилӣ, балки барои аз қудрат рафтани Саакашвилӣ раъй додаанд. Ба гуфтаи ӯ, гурҷиҳо ҳанӯз намедонанд, ки барои чӣ овоз додаанд – барои демократия ё барои истибдод, барои сиёсати ғарбгароёна ё барои сиёсати Кремл. Каха Кукава меафзояд, ки “албатта, баъд аз як моҳ ё ду моҳ, ки ҳукумати нав ба кадом сиёсат бартарӣ доданашро эълон мекунад, ба кадом низом рӯ овардани Гурҷистон муайян хоҳад шуд. Сиёсатмадорон ҳадс мезананд, ки ҳамон низоми пешин, яъне низоми нимадемократӣ боқӣ хоҳад монд, ҳарчанд худи ҳизби ҳукмрон мегӯяд, ки низоми комилан демократиро ҷорӣ хоҳад кард. Ман шахсан ба ин ҳарфҳо бовар намекунам.

Рӯ ба сиёсат овардани Бидзина Иванишвилӣ дар як соли пеш ҳам барои бисёриҳо ғайриинтизор буд, зеро ӯ ҳамеша худро аз сиёсату маъракаҳои ҷамъиятӣ канор мегирифт, Чанд сол пеш дар як мусоҳиба бо нашрияи русии Ведомости ӯ гуфта буд, ки “мулоқот бо хабарнигорон, ширкат дар маъракаҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои гуногунро хуш надорам. Дар он ҷо кас бояд ниқоб ба рӯй бикашад, ки ин барои ман тоқатфарсост. Ман даҳрӣ ҳастам, ба зиндагии баъд аз марг бовар надорам, зиндагӣ бошад, хело кӯтоҳ аст, намехоҳам коре кунам, ки озодиҳоям маҳдуд шаванд. Ман дар маркази таваҷҷӯҳ будан намехоҳам, ҷашнҳоро дӯст намедорам ва боре ҳам зодрӯзи худро қайд накардаам».

АЗ МУҲАББАТ ТО НАФРАТ - ЯК ҚАДАМ

Бидзина Иванишвилӣ соли 2004 баъд аз «инқилоби садбаргӣ» ба Гурҷистон, аниқтараш ба зодгоҳаш, деҳаи Чорвила баргашт. Ӯ он замон шаҳрванди Русия буд ва ҳамон сол раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ба ӯ шаҳрвандии Гурҷистонро ҳам эҳто кард. Солҳои зиёд сарватмандтарин сокини Гурҷистон фақат ба хайрия машғул буд, ӯ барои тарҳҳои минтақаӣ маблағ ҷудо мекард, театрҳои гурҷиро Дар интихоботи ахири парлумонӣ дар Гурҷистон мухолифини раиси ҷумҳури кунунӣ аксари раъйҳоро ба даст оварданд.

Дар интихоботи ахири парлумонӣ дар Гурҷистон мухолифини раиси ҷумҳури кунунӣ аксари раъйҳоро ба даст оварданд.

сармоягузорӣ менамуд ва бунёди хайрияи «Карту»-ро таъсис дод. Мардум фақат аз хайрхоҳиву дасти кушоди ӯ ҳарф мезаданд - Бидзина фақат барои бунёди ибодатгоҳи Самеба дар Тифлис беш аз 30 миллион доллар сарф кард. Иванишвилӣ он солҳо аз ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ буд ва бештар тарҳҳои ӯро сармоягузорӣ мекард.

Аммо 8 октябри соли 2011 ӯ ғайриинтизор барои ҳама эълом дошт, ки вориди саҳнаи сиёсат мешавад ва нерӯи мухолифи ҳукуматро ташкил мекунад. Дар Тифлис овозаҳое паҳн шуданд, ки «Саакашвилӣ Бидзинаро ранҷонидааст, дар ҳоле, ки аз ӯ барои тарҳҳои ҳизби ҳукмрон пайваста маблағ талаб мекунад». Ва аммо кай ва чӣ гуна аз байни онҳо «гурбаи сиёҳ» гузашт, то ҳол муаммо боқӣ мемонад.

ДАР РОҲ БА СӮИ СИЁСАТ

Эъломи вуруд ба саҳнаи сиёсат шурӯи фишори Тифлис болои Иванишвилиро ба думбол дошт. Ба гуфтаи Каха Кукава, раиси ҳизби «Гурҷистони озод», ҳамон вақт Саакашвилӣ эҳсос мекард, ки Бидзина рақиби нерӯманд аст ва метавонад рӯзе ҷойгузини ӯ шавад. Аммо ғурур нагузошт, ки сӯяш дасти оштӣ дароз кунад. Чанд ҳафта баъд Иванишвилиро аз шаҳрванди Гурҷистон маҳрум карданд – дар ин бора худи Михаил Саакашвилӣ амр содир намуд. Вазорати адлия ташреҳ кард, ки Иванишвилӣ шаҳрванди Русия буд ва баъд аз дарёфти шаҳрвандии Гурҷистон ҳамчунин шаҳрванди Фаронса шуд ва қавонини Гурҷистон сешаҳрвандиро иҷоза намедиҳад.

Дар як мусоҳиба Иванишвилӣ гуфт, ки тасмими вориди саҳнаи сиёсат шудан барояш хело сахт буд, зеро ҳамеша аз сиёсат дурӣ меҷуст. Аммо тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2008 ӯро такон дод – Бидзина бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун ошно шуд, то якеро барои кӯмаку пуштибонӣ интихоб кунад. Ва ниҳоят ба натиҷае расид, ки «бидуни ширкати шахсияш ба ҳадаф намерасад». Бидзина пинҳон намекард, ки ҳадафи аслии вориди майдони сиёсат шуданаш пирӯзӣ дар интихоботи парлумонӣ ба хотири хотима гузоштан ба қудрати Саакашвилӣ дар Гурҷистон аст.

Аммо сиёсатмадор Каха Кукава дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки Бидзина Иванишвилӣ барои соҳиби қудрат шудан бист сол боз омодагӣ медид ва барномаи хайрияаш ғарази сиёсӣ дошт. «Ин хайрияи маъмул дар Аврупо ва Амрико набуд, ки кӯмак барои афроди бенаво ё бемористонҳо интиқол меёбад. Ӯ маблағҳои бузургро барои соҳаи гуногуни ҷомеъаи Гурҷистон – фарҳанг, калисо, сиёсат ва барои элитаи ҷомеъа, яъне барои онҳое сарф мекард, ки афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд. Ва чун тайи бист сол ин корро анҷом медод, ӯ тавонист тайи бисту чаҳор соат як ҷунбиши нерӯманду оммавиро созмон диҳад», мутмаин аст Каха Кукава.

ДУҲУКУМАТӢ САРИ ҲИЗБҲОИ ХУРДРО МЕХӮРАД?

Сиёсатшиносону таҳлилгарон мегӯянд, дуҳукуматие, ки баъд аз пирӯзии “Рӯъёи гурҷӣ” дар интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон воқеъ уфтод, ҳадди аққал як соли дигар идома хоҳад кард. Ҳукумати навро “Рӯёи гурҷӣ” таъсис мекунад, аммо Михаил Саакашвилӣ то интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ, яъне то дар моҳи октябри соли оянда раисиҷумҳур боқӣ хоҳад монд. Зимнан, Саакашвилӣ, ки қаблан “Рӯъёи гурҷи”-ро душмани мардум хонда буд, бо ақидаҳои ин ҳизб созиш карданӣ нест. Ӯ дар паёми телевизионӣ билофосила баъд аз шикасти ҳизбаш дар интихоб гуфт, ки “барои мо, барои ман, афкори эътилофи «Рӯъёи гурҷӣ» ғайриқобили қабул буд ва ҳамин хел мемонад. Миёни мо фарқияти амиқ мавҷуд аст. Мо ақидаҳои онҳоро комилан иштибоҳӣ меҳисобем. Аммо демократия ҳамин аст ва чун тасмим аз сӯи бештари мардуми Гурҷистон гирифта шудааст, мо, албатта, ба он арҷ мегузорем”.

Михаил Саакашвилӣ афзуд, ӯ чун раисиҷумҳур муваззаф аст, ки бо рақибонаш созиш кунад, то дар идораи давлат мушкиле пеш наояд ва парлумон сари вақт ба фаъолият шурӯъ намуда, раиси парлумон интихоб ва ҳукумати нав ташкил шавад. Бархе таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дуҳукуматӣ дар Гурҷистон шояд чун дар Амрико бо системи дуҳизбӣ поён ёбад. Аз нигоҳи онҳо аҷаб нест, ки ҳама ҳизбҳои хурд ба зудӣ ё аз байн раванд ё бо Рӯёи гурҷӣ” ва ҳизби Саакашвилӣ ҳамроҳ шаванд.

АЗ "ПОРТФЕЛҲО" КИҲО БЕНАСИБ МЕМОНАНД?

Дар ин миён эътилофи пирӯз дар интихобот аз пайи таъсиси ҳукумати нав аст. Ба навиштаи расонаҳои Гурҷистон, мақоми вазири умури дохилӣ ба яке аз ҳампаймонҳои Иванишвилӣ ва сафири пешини Гурҷистон дар СММ Ираклий Аласания пешниҳод хоҳад шуд. Созар Субарӣ, ваколатдори ҳуқуқи башар дар Маъракаҳои қабл аз интихоботӣ дар Гурҷистон

Маъракаҳои қабл аз интихоботӣ дар Гурҷистон

Гурҷистон дар курсии вазири дифоъ хоҳад нишаст. Ба мақоми вазири умури хориҷӣ номзадии Нино Бурҷанадзе, раиси пешини парлумони кишвар ва Саломе Зурабишвилӣ, ки баъд аз инқилоби садбаргӣ аллакай ин мақомро ишғол карда буд, барарсӣ мешавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, худи Иванишвилӣ алҳол ҳаққи дар раъси ҳукумат нишастанро надорад, зеро шаҳрванди Гурҷистон нест. Сиёсатшинос Малхаз Матсаберидзе ҳадс мезанад, ки шояд “тақсими портфелҳо” дар ҳукумати нав таконе барои фурӯрезии эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” шавад. Ба эътилоф нӯҳ ҳизб шомиланд, ки бузургтаринаш ҳизби худи Иванишвилӣ аст. Ба гуфтаи сиёсатшинос, афроде, ки шомили эътилофанд, на фақат аз нигоҳи сиёсӣ бо ҳам ихтилоф доранд, балки бархе аз онҳо сояи ҳамдигарро дар девор метарошанд.

Ба гуфтаи профессор Давид Дарчиашвилӣ, вакили парлумони пешини Гурҷистон, “Рӯъёи гурҷӣ” баъд аз пирӯзӣ дар интихобот ҳам барномаи мушаххас надорад. Вале бархе аз изҳороти раҳбарони эътилоф, аллакай маҳофили сиёсиро водор ба андеша кардааст. Давид Дарчиашвилӣ мегӯяд, “изҳороти Иванишвилӣ дар бораи он ки Тифлис ҳам бо Русия ва ҳам бо Ғарб ҳамкорӣ хоҳад кард, ҳадди аққал соддалавҳона ва дар асл дурӯягист”. “Чӣ гуна метавон манфиатҳои кишварҳои ғарбиро, ки хостори бунёди ҷомеъаи комилан демократӣ дар Гурҷистонанд ва манфиатҳои Русияро, ки появу бунёдаш фасоду ҷиноят аст, ба ҳам овард”, суол мекунад сиёсатмадору донишманди гурҷӣ ва меафзояд: «Агар дар тафаккури ӯ заррае хирад боқӣ мондааст, ӯ на ба хотири манфиати кишвар, балки ба хотири мақоми худаш, на бояд он ҳама дастовардҳои солҳои ахирро аз беху бун барканад, зеро аз ҳоло дар Гурҷистон ғорату хушунат шурӯъ шудааст ва афроде аз олами ҷиноӣ дубора сар боло мекунанд, ки кайҳо боз беному нишон буданд».

Дигар суоле, ки сари забонҳост, сарнавишти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аст. Ҷонибдорони «Рӯъёи гурҷӣ» мегӯянд, ки Тифлис бояд бо раҳбарони ин ду минтақаи аз Гурҷистон беруншуда вориди музокирот шавад. Аммо Давид Дарчиашвилӣ мегӯяд, "агар Иванишвилӣ мақомоти феълии Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф кунад, ин маънои онро дорад, ки ҳаққи қонунии давлати Гурҷистон барои ҳифзи якпорчагияшро поймол кардааст." Зимнан, Русия, ки рақибонаш Иванишвилиро «гумошта»-и он мехонанд, то ҳол эътилофи Бидзинаро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик нагуфтааст. Мақомоти ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо на фақат ӯро табрик карданд, балки бо ӯ аллакай чанд бор дидору гуфтугӯ ҳам анҷом доданд.

СААКАШАВИЛӢ БО ШИКАСТ МУРОСО ХОҲАД КАРД?

Гурҷистон нахустин кишвар дар қаламрави собиқи шӯравӣ нест, ки ҳукумат ба таври осоишта аз як нерӯ ба нерӯи дигар интиқол меёбад. Ду сол пеш дар Украина пешвои инқилоби норанҷии соли 2004-ум Виктор Юшенко курсии раёсатҷумҳуриро ба таври осоишта ба Виктор Янукович супурд. Дар Қирғизистон ҳам Роза Отунбоева баъд аз хатми мӯҳлати раёсаташ канор рафт ва мақомашро ба Алмосбек Отамбоев дод.

Аммо оё Михаил Саакашвилӣ бо шикасти худ муросо хоҳад кард ва оё пойфишорӣ барои ҳифзи мақомаш идома нахоҳад дод? Ва интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли оянда боиси дубора аланга задани низоъ миёни ду нерӯи тавонои сиёсӣ ва ба гирдоби хушунат кашидани Гурҷистон нахоҳад шуд? Дар он вазъ Иванишвилӣ, сарватманде, ки то ҳанӯз барои бисёриҳо як шахсияти мармуз боқӣ мондааст, аз чӣ иқдом кор хоҳад гирифт? Суолҳое, ки посухи онҳоро интизор бояд шуд...
XS
SM
MD
LG