Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷалолободи Қирғизистон тазоҳурот идома дорад


Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҳудуди 700 нафар бо талаби раҳоии се пешвои мухолифини давлат тазоҳурот мекунанд. Тазоҳургарон мехоҳанд, ки мақомоти интизомӣ Қамчибек Тошиев, Содир Ҷаборов ва Талант Мамутов вакилони мардумӣ аз Ҳизби Отаҷуртро озод кунанд, ки онҳоро барои тазоҳуроти хушунатбори рӯзи сешанбе дар шаҳри Бишкек дастгир карданд. Дар ин тазоҳурот Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт аз тарафдоронаш хост, ҳукуматро сарнагун кунанд. Гуруҳе аз тазоҳургарон ба саҳни бинои порлумон ворид шуданд ва баъди ин нерӯҳои амниятӣ онҳоро пароканда карданд. Тазоҳургарон талаб доштанд, ки бузургтарин корхонаи заршӯии Қирғизистон миллӣ карда шавад. Қарор аст, имрӯз амри тамдиди эҳтимолии боздошти се вакили қирғиз содир шавад.
XS
SM
MD
LG