Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти "ҳиҷобдӯстон" дар Боку пароканда шуд


Маъмурони пулис дар Озарбойҷон тазоҳуроти гурӯҳе аз тарафдорони ҳиҷобпӯширо бо зӯриву калтакҳои резинӣ пароканда карданд. Бештар аз 100 озарӣ дар назди вазорати маориф дар шаҳри Боку ҷамъ омада ва талаб доштанд, ки қарори манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои Озарбойҷон лағв карда шавад. Онҳо дар даст шиорҳое бо мазмуни “Озодӣ ба ҳиҷоб” ва “Ислом пирӯз хоҳад шуд” доштанд. Маъмурони пулис чанд тазоҳургарро барои муқовимат ба онҳо боздошт кардааст. Вазорати маорифи Озарбойҷон чун дар Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳоро мамнӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG