Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия сахт шудааст


Дидбони Ҳуқуқи Башар ( Human Rights Watch)мегӯяд, адоват ба ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия зиёд шудааст ва ин вазъ бадтар мешавад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ, Таня Локшина, як корманди худро намуна овардааст, ки чанде пеш бо ирсоли номаҳое ба ӯ таҳдид кардаанд. Худи Таня Локшина мегӯяд, агарчӣ ин таҳдидҳо чизи наве нестанд, “аммо ҳоло бешармонаву пастфитратона” шудаанд. Кеннет Рос, мудири иҷроияи Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфт, маълум аст, ки баъзе афрод Таня Локшинаро дунболагирӣ мекунанд ва медонанд, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад ва обистан низ ҳаст. Ба гуфтаи Кеннет Рос, чунин таҳдидҳои бешармона монеъи кори Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Русия нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG