Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Доғистон 7 тундрави исломиро куштанд


Маъмурони пулиси Русия мегӯянд, се тундрави исломиро дар шаҳри Буйнакск дар Ҷумҳурии Доғистон куштанд. Ин ҷангҷӯён шоми панҷшанбе дар табақаи чаҳоруми як биное камин гирифта, ба мақомоти интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, вале кушта шудаанд. Чанд соат пештар аз ин ҳодиса, нерӯҳои пулиси Русия чаҳор тундрави исломии дигарро дар ҳамин ноҳия куштанд. Нерӯҳои Русия дар ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ алайҳи тундравони исломӣ мубориза мебаранд ва дар ин муноқишаҳо ҳар сол даҳҳо нафар куштаву захмӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG