Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду тан аз зоирони пиёдаи тоҷик дар марзи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо Арабистони Саудӣ, боздошт шудаанд.

Абдулазиз Раҷабов, яке аз ин зоирони боздоштшуда дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, марзбонон дар ҳуҷҷатҳои онҳо кадом иштибоҳеро дарёфтаанд ва ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ медоранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳуҷҷатҳои онҳо иштибоҳе вуҷуд дорад, ки онро танҳо сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон метавонанд ҳал намоянд.

Ӯ гуфт: «Ҳоло мо дар як ҷое ҳастем, ки ҳама биёбон аст. Азоб дорем, ҳаво аз 40 дараҷа зиёд гарм аст. Хеле хоҳиш дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мушкили моро ҳал намоянд».

Ҳанӯз дар охири моҳи май 8 тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон пиёда ба қасди зиёрати Хонаи Худо пиёда озими сафари ҳаҷҷ шуданд. Ду нафари онҳо бинобар беморӣ ва пеш омадани кори муҳим қатъи сафар карданд, аммо 4 нафари дигар аз пиёда рафтан худдорӣ намуда, аз Эрон тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Танҳо ин ду нафаре, ки ҳоло дар марзи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ гирифтори мушкиланд, ба қасди худ содиқ монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG