Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Маскав масъалаи истирдоди ҷинояткоронро баҳс мекунанд


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи истирдоди ҷинояткорон ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳҳои тундравро бо масъулони вазорати умури дохилаи Русия баррасӣ хоҳанд кард. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки интизор меравад таҳти сарварии вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколсев, як ҳайати аршади мақомоти корҳои дохилии ин кишвар, ба Тоҷикистон биояд. Сафари ин ҳайат рӯзи 8 октябри сурат гирифта ва қарор аст рӯзҳои 9 то 10 октябр ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор шавад. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои мубориза бо тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз амали гурӯҳҳо ва шабакаҳои ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ, истирдоди ҷинояткорон ба кишварҳои ҳамдигар, мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин музокираҳо ҳамчунин тарҳи «Нақшаи кории муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2013" баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG