Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи забон дар Тоҷикистон


Имсол барои саввумин бор дар Тоҷикистон 5-уми октябр чун «Рӯзи забони давлатӣ» таҷлил мешавад.

Нахустин қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасвиб шуда, ба забони тоҷикӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, мақоми давлатӣ дод.

Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22 июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд

Рӯзи забони давлатӣ дар ҳоле таҷлил мегардад, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳукумат барномаи рушди забони тоҷикӣ барои чаҳор соли ояндаро тасвиб кард, ки дар муддати як сол таҳия шудааст.

Ба қавли Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, барномаи мазкур рафъи мушкилоти зиёд дар забони адабии имрӯза ва чопи фарҳангҳои навро дар назар дорад.

Ба гуфтаи Додихудо Саймуддинов, як ҳадафи дигар - пок кардани забони адабӣ аз қолабҳои сунъӣ ва лаҳҷавист, ки онҳоро дар солҳои аввали Шӯравӣ ба забон ворид карда, ба пайкари он зарбаи сахте заданд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон донистани забони давлатӣ, яъне тоҷикиро барои вакилони мардумӣ ҳатмӣ дониста буд.

Дар ҳамоише, ки рӯзи панҷшанбеи 4-уми октябр ба муносибати "Рӯзи забон" дар кохи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тарзи баён ва навишти матн бо забони давлатӣ аз тарафи наттоқони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистонро шадидан танқид кард.

Президенти Тоҷикистон аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва Фарҳангистони улуми кишвар даъват кард, ки дар амри эҳтиром ба забони давлатӣ ва дуруст истифода бурдани ибораҳову тарзи баён ба кумитаи давлатии телевизион кӯмак кунанд ва ба ғалатнависӣ хотима гузошта шавад.

Зимнан, тарҳи якуми Қонуни забон дар рӯзи 22-юми июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё порлумони вақти кишвар қабул шуда буд. Вале шурӯъ аз се сол боз рӯзи 5-уми октябр дар Тоҷикистон "Рӯзи забони тоҷикӣ" эълон шудааст. Дар ин рӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карда буд.

Баҳсбарангезтарин нуктаи Қонуни нави забони давлатӣ, ки лоиҳааш аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд. Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.
XS
SM
MD
LG