Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани серӯзаи занон дар Приштина


Приштина, пойтахти Косово, мизбони ҳамоиши байналмилалии занон аст. Раисиҷумҳури Косово Атифат Ҷаҳҷага гуфт, ин ҳамоиши серӯза занонро аз саросари дунё ба хотири баҳси масоиле, ки занон рӯбарӯянд, аз ҷумла ширкати онҳо дар умури иқтисодиву сиёсӣ, гирди ҳам овардааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон тавассути видео гуфт, ин анҷуман «баёнгари ҳусни тафоҳуми афзояндаи ин воқеъият аст, ки барои эҷоди имконоти иқтисодӣ, пешрафти сиёсӣ ва баробарии иҷтимоӣ мо ба идеяву энержӣ ва имконоти занон ниёз дорем.» Дар анҷуман занон аз 100 кишвар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG