Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анкара гуфт, қасди ҷанг надорад


Истиқрори нирӯҳои Туркия дар манотиқи марзии атрофи Оқчақалъа

Истиқрори нирӯҳои Туркия дар манотиқи марзии атрофи Оқчақалъа

Шӯрои Амнияти СММ тирборони Туркия аз сӯи Сурияро, ки 5 кушта ба ҷо гузошт, шадидан маҳкум кард.

15 узви Шӯро ҳамчунин талаб карданд, ки “чунин нақзи қонуни байналмилалӣ бояд билофосила бас шуда, дигар такрор нашавад.” Ин ҳамла ба шаҳри марзии Оқчақалъа рӯзи чоршанбе рух дод ва Туркия дар посух 2 рӯз боз аҳдоферо дар дохили Сурия ҳамла мекунад. Ин аввалин мавриди тирборони Сурия аз ҷониби Туркия дар ҷараёни 18 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад аст ва бино ба хабарҳо, бар асари ин ҳамалот 7 сарбози Сурия ҷон бохтаанд. Вазорати хориҷаи Амрико посухи Туркияро ҳамвазн ва мутаносиб номид.

Дирӯз парлумони Туркия қонунеро тасвиб кард, ки иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро иҷозат медиҳад. Анкара ба дунбол гуфт, ки қасди оғози ҷангро надорад.
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Мо сулҳу амният мехоҳем, на ягон чизи дигар. Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори иқдомҳое, чун шурӯъи ҷанг нестем.” Аммо ӯ афзуд, ки кишвараш “тавони дифоъ аз шаҳрвандон ва марзҳои худро дорад“ ва “касе набояд пойбандии мо дар ин мавридро имтиҳон кунад.”

Парчамҳои Сурия ва Туркия дар марзи ду кишвар.

Парчамҳои Сурия ва Туркия дар марзи ду кишвар.

Дирӯз парлумони Туркия дар як иҷлосияи изтирорӣ тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки барои як сол ба давлат эъзоми нирӯҳо ба дохили Сурия ё анҷоми ҳамлаҳои ҳавоиро иҷозат медиҳад. Ин қарор дар посух ба тӯпборони рӯзи чоршанбе аз хоки Сурия аст, ки 5 нафар, бо шумули 2 зан ва 3 кӯдакро дар шаҳри Оқчақалъаи Туркия кушт.

Сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ дар Ню-Йорк гуфт, ки Димишқ “ба дунболи ягон навъ ташаннуҷ бо ҳеҷ кадом аз ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Туркия, нест.” Ҷаъфарӣ номааш ба Шӯрои Амниятро қироат кард, ки дар он Сурия ба хонаводаҳои қурбониёни тӯпборони ду рӯзи пеш “изҳори ҳамдардии амиқ” мекунад: “Ҳукумати Ҷумҳурии араби Сурия ҳамдардии амиқашро ба хонаводаҳои шаҳидон ва мардуми дӯст ва бародари Туркия мерасонад. Дар қиболи рӯйдодҳои марзие, ки байни ҳар кишвари ҳамсоя рух медиҳанд, давлатҳо бояд оқилона, боандеша ва масъулона рафтор кунанд.” Аммо Ҷаъфарӣ афзуд, ки ин нома ҳарфе барои узрхоҳӣ надорад, чунки таҳқиқи қазия ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Русия дар Шӯрои Амният ибтидо монеъи тасвиби тарҳи изҳороти пешниҳодии Озарбойҷон ва Туркия шуд. Ин изҳорот тирандозии Сурияро “нақзи қонунҳои байналмилалӣ” номида, “бо лаҳни шадидтарин” маҳкум мекард. Русия, ки муттаҳиди содиқи режими Асад ба ҳисоб меравад, дар иваз матнеро пешниҳод кард, ки ишорае ба қонунҳои байналмилалӣ надорад, вале тамоми ҷонибҳоро ба “оромӣ ва худдорӣ аз бархӯрдҳои низомӣ” даъват мекунад.

НАТО дар як нишасти изтирорӣ, ки шаби чоршанбе бо дархости узви ин паймон Туркия даъват шуд, гуфт, ки “пуштибониаш аз Туркияро идома дода, хатми билофосилаи чунин аъмоли пархошҷӯёна алайҳи муттаҳидашро тақозо мекунад.”

Тазоҳуроти зиддиҷангӣ дар Анқара, пойтахти Туркия

Тазоҳуроти зиддиҷангӣ дар Анқара, пойтахти Туркия

Барбара Занчета, коршиноси масоили низомӣ дар Маркази сиёсатҳои амниятӣ дар Женеваи Швейтсария ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи Анкара заминасозӣ барои касби ҳимояти НАТО дар ҳолатест, ки агар Туркия дар ниҳоят ба амалиёти низомӣ алайҳи Сурия иқдом кунад. Вале ба ақидаи хонум Занчетта, чунин ҳимоят мувофиқати кулли аъзои ин паймони низомиро тақозо мекунад ва гумон аст, ки зуд ба даст биояд: “Туркия рӯшан гуфтааст, ки ин амали таҳоҷумист ва дар айни замон ончӣ ки дабири кулли НАТО ва вазири хориҷаи Амрико Клинтон гуфтанд, ин аст, ки онҳо пуштибонии худро аз Туркия изҳор медоранд, вале дар ин бора ҳанӯз забон накушодаанд, ки онҳо дар амал мустақиман дахолат хоҳанд кард.”

Шаҳри Оқчақалъа дар марзи Туркия бо Сурия дар ҳафтаҳои охир чандин бор ҳадафи тирборон аз он сӯи марз қарор гирифтааст. Нирӯҳои давлатии Сурия дар моҳи июн алайҳи як ҳавопаймои ҷангии Туркия оташ кушоданд, ки дар баҳр суқут кард ва ду халабонаш кушта шуданд. Низомиҳои Туркия дар гузашта ба хотири таъқиби чирикиҳои курд чандин бор вориди шимоли Ироқ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG