Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният тирборони хоки Туркияро маҳкум кард


Нирӯҳои Туркия дар атрофи Оқчақалъа сангар мегиранд
Нирӯҳои Туркия дар атрофи Оқчақалъа сангар мегиранд
Шӯрои Амнияти СММ тирборони Туркия аз сӯи Сурияро, ки 5 кушта ба ҷо гузошт, шадидан маҳкум кард. 15 узви Шӯро талаб карданд, ки “чунин нақзи қонуни байналмилалӣ бояд билофосила бас шуда, дигар такрор нашавад.” Он ҳамла ба Оқчақалъа рӯзи чоршанбе рух дод ва Туркия дар посух 2 рӯз боз аҳдоферо дар дохили Сурия ҳамла мекунад. Бино ба хабарҳо, бар асари ин ҳамалот 7 сарбози Сурия ҷон бохтаанд. Вазорати хориҷаи Амрико посухи Туркияро ҳамвазн ва мутаносиб номид. Дирӯз парлумони Туркия қонунеро тасвиб кард, ки иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро иҷозат медиҳад. Аммо сарвазири Туркия гуфт, кишвараш хостори ҷанг нест.
XS
SM
MD
LG