Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирии хунин дар ноҳияи Буйноқи Доғистон


Пулиси Русия мегӯяд, ки дирӯз дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон 4 нафаре, ки бовар меравад, ҷангиён бошанд, кушта шуданд. Пулис мошини ин афродро дар шоҳроҳе дар ноҳияи Буйноқ манъ кард, вале онҳо алайҳи пулис оташ кушодаанд. Пулис мегӯяд, ин 4 тан аз оташи ҷавобӣ кушта шуданд ва касе аз маъмурони давлатӣ осеб надидааст.Ба гуфтаи пулис, яке аз кушташудаҳо ходими собиқи пулис Сиддиқ Алиев ва якеи дигар Қозимуҳаммад Шоҳбоғиев буд, ки тоза аз маҳбас раҳо ёфта буд. Ҳуввияти дуи дигар ҳанӯз эълон нашудааст. Доғистон аз ҷумҳуриҳоиошӯбзадаи минтақаи умдатан мусалмоннишини Қафқози шимолии Русия аст.
XS
SM
MD
LG