Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шаби панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Қарор аст, ки Путин имрӯз бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон масоили ҷамъшуда дар равобити ду кишвар, аз ҷумла сарнавишти по йгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро баҳс кунад. Замони ҳузури ин пойгоҳ соли 2014 ба поён мерасад, вале Душанбеву Маскав то ҳол бар сари шароити идомаи қарордоди бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия ба тавофуқ нарасидаанд. Ба гуфтаи бархе манобеъ, Маскав ба тамдиди замони иҷораи пойгоҳ ба муддати то 29 сол исрор меварзад, вале Душанбе дар иваз аз Русия пули иҷора мехоҳад.
XS
SM
MD
LG