Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷик – қурбонии бозиҳои сиёсӣ


Дар хиёбони шаҳри Химкӣ, 1-уми октябри соли 2012

Дар хиёбони шаҳри Химкӣ, 1-уми октябри соли 2012

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик бо шиорҳои пуштибонӣ аз як номзад ба мақоми шаҳрдории Химкӣ ба кӯчаҳо баромада, зери мушту лагад монданд.

Чанде аз расонаҳои русӣ хабар доданд, ки ситоди интихоботии Олег Шахов, ки иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Химкист, ба дасти муҳоҷирони тоҷик шиорҳои ҳимоят аз ӯро дода, ба кӯча баровардааст ва онҳо ҳадафи латукӯб қарор гирифтаанд. Рӯзи шанбеи 1-уми октябр сиёсатмадорони мухолифи давлати Русия Алексей Навалний ва Олег Митвол шоҳиди он шуданд, ки афроди ношиносе муҳоҷирони тоҷикро шадидан латукӯб карданд.

Навалний ва Митвол барои таблиғи номзади мухолиф – Евгения Чирикова ба Химкӣ омада буданд ва шоҳиди латукӯби муоҳҷирон шуда бошанд ҳам, чизе нагуфта, ин манзараро тамошо карданд.

Дар ин навори видео, ки торнамои “Срок Документари” нашр кардааст, дида мешавад, ки полиси Русия ба ҷои боздошти онҳое, ки муҳоҷирони латукӯб карданд, баоъакс яке аз муҳоҷиронро даст баста ба шӯъбаи полис интиқол дод.

Муҳоҷирони тоҷик, ки кормандони хадамоти коммуналии Химкианд, зери фармони ҳокимияти шаҳр мебошанд ва аз тарафи сардорони корхонаҳои худ ба ин моҷаро кашида шудаанд. Нашрияи “Новая газета” менависад, фаъолони маскавӣ, ки таҳти сарварии Навалний ба Химкӣ омада буданд, ба онҳо дарафтоданд ва масхараомез онҳоро суолборон кардаанд, ки кистанду аз куҷо омадаанд ва оё қайди Химкиро доранд ё на. Эҳтимол меравад, ин бархӯрди тамасхӯромез сабаби ба муҳоҷирон дарафтодани ҷавонон шудааст.

Фаъолони маскавӣ хитоб кардаанд, ки гастарбайтерҳо набояд ба умури сиёсии кишвари онҳо дахолат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG