Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва масоили матраҳшаванда дар боздиди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбест.

"МИЛЛАТ"

Мулоқоти Владмир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро "хеле тақдирсоз" арзёбӣ карда, дар матлаби "Аз мулоқоти Путин бӯи бензин меояд" навишт, "коре, ки Путину Эмомалӣ Раҳмони 50-сола соли 2002 кашол доданд, имрӯз бояд манфиатбахш ҳаллу фасл шавад."

"НИГОҲ"

Ин боздиди Владимир Путинро барои ҳалли баҳси пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон муҳим дониста, аз қавли коршиносон навиштааст, "ин баҳс халли худро хоҳад ёфт, аммо бо кадом шартҳо, ҳоло рӯшан нест". Нашрия менависад, танҳо натоиҷи сафар ҳама чизро маълум хоҳад кард.

"ИСТИҚЛОЛ"

Масъалаи тамдиди ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистонро дар меҳвари сафари Путин ба Тоҷикистон гузоштааст. Нашрия бовар дорад, ҳалли ин масъала барои Русия, ки ҳузури онро дар минтақа ҳал хоҳад кард, дар шароити феълӣ хеле зарур аст. "Истиқлол" менависад, Русия мехоҳад, аввал ин масъала ҳал шавад ва баъд дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро ба баррасӣ хоҳад гирифт.

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар канори баҳси пойгоҳи 201, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро низ аз мавзӯъҳои асосии баррасишаванда дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон хондааст. Нашрия аз қавли коршиносон овардааст, "агар Роғун аз баҳсҳо берун шавад, пас, Маскав боз чиро дар ивази 20 соли будубоши пойгоҳи низомӣ пешниҳод хоҳад кард."

"ФАРАЖ"

Ҳафт мавзӯи сарнавиштсоз барои Тоҷикистонро аз масоили меҳварии гуфтугӯи Путин бо ҳамтои тоҷикаш Раҳмон унвон кардааст. Ба таъкиди нашрия, ин 7 мавзӯъ ба эҳтимоли зиёд, "баҳси пойгоҳи 201, интихоботи соли 2013, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Амрико, Эрон ва Чин, сохтмони Роғун, Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ, ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ва ҳатто хатари пайдоиши нерӯҳои мухолиф барои Тоҷикистон дар Русия хоҳад буд."

"ОЗОДАГОН"

Назари чанд тан аз коршиносонро дар бораи сафари Путин ба Тоҷикистон, ки ба 60-солагии зодрӯзи вай ва Эмомалӣ Раҳмон рост меояд, пурсидааст. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ гуфтааст, "беҳтар мебуд, ҳарду президент масоили рушди иқтисодӣ ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба баррасӣ мегирифтанд. Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон, ба Путин ва Раҳмон муроҷиат карда гуфтааст, "то эҳтироми истиқлоли кишварҳоро ҳифз кунанд ва ба ҳарими якдигар таҷовуз накунанд."

"НАҶОТ"

Ин суолро, ки "Чаро Путин маҳз 5 октябр ба Душанбе меояд?" матраҳ кардааст. Дар посух ба ин суол сиёсатшинос Раҳматулло Валиев гуфтааст, "Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат варзидани Путин дар рӯзи таваллудаш ҳавасманд аст, ӯ инро махсусан ба мардуми Тоҷикистон нишон доданист, ки дар рӯзи таваллудаш президенти Русия ширкат кард." Муслима Броимшоева, раиси ҲНИТ дар Бадахшон, ибрози умедворӣ кардааст, ки "шояд ин таҷлилгирифтанҳо сабаб шаваду баҳси доманадори Тоҷикистону Русия дар мавриди пойгоҳи низомӣ ҳаллӣ худро пайдо намояд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG