Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ирсоли нерӯ ба Сурияро иҷозат дод


Рӯзи панҷшанбе парламенти Туркия ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар иҷозат дод, ки дар хоки Сурия амалиёти низомӣ пиёда кунад. Ба навиштаи хабаргузории Анадолу ин санад, ки тазкира ном дорад, ба ҳукумат иҷозат медиҳад, ки дар давоми як соли оянда барои амалиёт дар хоки Сурия нерӯи заминӣ ва ҳавопаймо ирсол намояд.
Субҳи панҷшанбе артиши Туркия оташборони ҳадафҳо дар дохили қаламрави Сурияро аз сар гирифт. Як рӯз пеш аз он гулӯлаи аз Сурия партоб шуда, дар хоки Туркия панҷ нафарро ба ҳалокат расонда буд. Рӯзи чоршанбе Мартин Несиркӣ-сухангӯи дабири кулли СММ аз Туркия даъватк ард, дар пайи муколама бо Сурия шавад:
100418
Дабири кулли СММ ба наздикони қурбониҳо таъзия баён намуда, аз мақомоти Туркия даъват мекунад, бо назардошти коҳиши ташаннуҷ, ки метавонад боиси ҳодисае гардад, тамоми васоити муколама бо мақомоти Сурияро боз нигаҳ дорад.”
Дар ҳамин ҳол Иброҳим Калин- ёвари баландпояи сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, мегӯяд, Туркия манфиатдори ҷанг бо Сурия намебошад. Ӯ таъкид кардааст, ки Туркия ташаббусҳояш баҳри ҳалли осоиштаи бӯҳронро идома медиҳад. СММ ва НАТО аз Сурия хостаанд, ки тамомияти арзии ҳамсоя-кишварҳоро эҳтиром кунад.
Дар Исломобод вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Сурия даъват кард, ки расман тасодуфӣ будани оташборони Туркияро эътироф намуда, ӯҳдадорӣ гирад, ки чунин амал такрор намешавад.
XS
SM
MD
LG