Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили гурӯҳи корӣ барои иҷрои тавсияҳои фейсбукиён


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе амр додааст, то як гурӯҳи корӣ барои иҷрои тавсияҳои корбарони Фейсбук ташкил шавад. Бар асоси қарори мазкур, торнамои "Мо метавонем", ки дар он ҳар сокини Душанбе метавонад, доир ба мушкилоти мавҷуд дар ҳар гӯшаи шаҳр иттилоъ диҳад, доимӣ мемонад ва торнамои наве бо номи "Бе миёнаравҳо" таъсис дода мешавад, ки пешниҳодҳо дар бораи маорифу фарҳанг, мубориза бо фасод дар он сабт хоҳад шуд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев рӯзи 23-юми августи соли ҷорӣ бо корбарони фаъоли Фейсбук дар Душанбе тақрибан 6 соат мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG