Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот ба ёдбуди Политковская иҷозат надоданд


Лавҳаи ёдбуд дар ҷои куштори Анна Политковская

Лавҳаи ёдбуд дар ҷои куштори Анна Политковская

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар “Мемориал” мегӯяд, мақомоти Маскав иҷозат надодаанд, ки ин созмон дар майдони ба номи Пушкини пойтахти Русия ёдбуди Анна Политковскаяро барпо намояд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳозиранд имкони баргузории ин ҷамъомад дар ҷои дигарро баррасӣ кунанд. Ба қавли онҳо 7-уми октябр гурӯҳҳои мухолифи маводи мухаддир дар ин майдон гирдиҳамоӣ мегузаронанд. Бар илова 7-уми октябр президенти Русия Владимир Путин 60-сола мешавад. Ба ин муносибат низ дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия чандин чорабинӣ мадди назар будааст. Анна Политковская 7-уми октябри соли 2006-ум дар назди хонааш дар маркази Маскав ба қатл расидааст. Ӯ бо мақолаҳои танқидӣ дар бораи амалкарди низомиёни рус дар Чеченистон маъруф буд. Куштори Политковская то ҳол ҳал нашудааст. Мақомоти рус мегӯянд, ки тафтиш идома дорад ва шаш муттаҳам боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG