Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Муҷозоти муаззини масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб қонунист"


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаззини масҷиди марказии Душанберо барои нақзи қонуни "Масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд" ҷарима бастаанд.

Масъулони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷарима шудани Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқубро қонунӣ донистанд. Адашхон Иноятзода аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои нақзи "Қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд" ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима шудааст.

Атоулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар назди қонун ҳама баробар аст ва дар сурате, ки муқаррароти қонун аз сӯи фард нақз мешавад, бояд муҷозот шавад. Адашхон Иноятзода низ ба унвони шахси масъул дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе банди қонунро нақз карда ва ҷавобгӯ шудааст."

Масъулони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, ин ҳодиса дар рӯзҳои ахири моҳи шарифи Рамазон иттифоқ уфтодааст. Рӯзҳое, ки ба қавли онҳо, Адашхон Иноятзода бар изофаи азонгӯӣ имоматии масҷидро низ бар дӯш доштааст. Мақомот гуфтаанд, дар рӯзе, ки муаззин Адаш Иноятзода мардумро ба намоз даъват мекард, дар масҷид беш аз 30 ноболиғ ҳузур доштанд.

Зимнан, Адашхон Иноятзода, беш аз 25 сол боз дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе муаззин аст. Вай бо он ки нахост, дар бораи ин воқеа зиёд ёдоварӣ кунад, аммо таъйид кард, ки "ин ҳодиса дар рӯзҳои Рамазон шуда буд, ки масъулияти имоматиро низ бар дӯш доштам. Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ омаданд ва барои вуруди ҷавонон ба масҷид маро ҷарима карданд. Албатта, ман қонунро итоат ва эҳтиром мекунам."

Муҷозот шудани як тан аз рӯҳонии тоҷик барои нақзи қонун дар ҳолест, ки "Қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд", ки аз сӯи порлумони Тоҷикистон дар тобистони соли 2011 қабул гардид, вуруди наврасону ҷавонони то 18-сола ба масҷидро мамнӯъ кардааст.

Тибқи ин қонун волидон бояд аз болои фарзандони ноболиғи худ назорат баранд. Ҳамчунин, ҳузури онҳоро дар кори иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз онҳое, ки расман дар муассисаҳои динӣ таълим мегиранд, назорат намоянд.

Ин қонун то замони қабулаш низ дар ҷомеа мавриди баҳсу баррасии зиёд қарор дошт ва махсусан рӯҳониён аз ҳукумат хоста буданд, банди қонунро, ки ба ширкати наврасон дар масиҷд дахл дорад, ҳазф намояд. Бо вуҷуди ин мухолифтаҳо парлумони Тоҷикистон ин қонунро, ки аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, пазируфтанд. Мақомот мегӯянд, давлати Тоҷикистон мухолифи омӯзиши динии наврасон нест, балки давлат мехоҳад онҳо бо роҳи қонунӣ ва таҳти назорати мақомот ба таҳсили динӣ машғул бошанд.
XS
SM
MD
LG