Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Русия


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи истирдоди ҷинояткорон ва ҷилавгирӣ аз ҷиногятҳои созмонёфтаи гурӯҳҳои тундравро бо масъулони Вазорати умури дохилии Русия баррасӣ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, таҳти сарварии вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколсев, як ҳайати воломақоми мақомоти корҳои дохилии ин кишвар ба Тоҷикистон биёяд

Сафари ин ҳайат 8-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифта, то даҳум идома хоҳад кард. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои муштараки вазоратҳо умури дохилии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои мубориза бо тундравӣ, ҷилавгирӣ аз амали гуруҳҳо ва шабакаҳои ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ, истирдоди ҷинояткорон ба кишварҳои ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Дар ин музокираҳо ҳамчунин тарҳи «Нақшаи кории муштаркаи Вазоратҳои умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2013" баррасӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG