Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: "Мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ тамдид намеёбад"


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, ки интихоботи президентии ин кишвар тибқи барнома дар соли 2014-ум доир хоҳад шуд. Рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон Карзай гуфт, интихобот ҳатман доир мешавад ва тамдиди даври раёсатҷумҳурии ӯ амали ғайришаръӣ хоҳад шуд. Президенти Афғонистон ҳар гуна овоза дар бораи кӯшиши тамдиди раёсатҷумҳуриаш тавассути вуруди тағйиру илова ба сарқонуни Афғонистонро беасос хонд.
XS
SM
MD
LG