Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини қирғиз ҳабс шуданд


 Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев

Рӯзи панҷшанбе идораи додситонии кулли Қирғизистон изҳор намуд, ки раҳбарони ҳизби Ота Ҷурт бо иттиҳоми “кӯшиши бо истифода аз нерӯ барканор намудани ҳукумат” ба ҳабс гирифта шудааст.
Раҳбарони ин ҳизби мухолифи ҳукумат: Қамчибек Тошиев, Садир Ҷапаров ва Талант Мамитов рӯзи чоршанбе баъди бархӯрди тахминан 1000 эътирозгар бо нерӯҳои амниятӣ дар даромадгоҳи бинои парламенти Қирғизистон боздошт шуда буданд. Эътирозгарон талаб доштанд, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тило дар Қирғизистон миллӣ гардонида шавад. Тошиев ба эътироз пайваста, аз гирдомадагон даъват кард, ки ҳукуматро барканор кунанд.
Полис бо истифода аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва сагҳо эътирозро пароканда кард. Дар ин амалиёт якчанд афсари полис ҳам маҷрӯҳ шуданд.
Сухангӯи ҳизби Ота Ҷурт гуфтааст,ки рӯзи панҷшанбе ин ҳизб дар саросари Қирғизистон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо намуда, раҳоии се раҳбарашонро тақозо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG