Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи шеъри духтари президент дар китоби синфи 5


Лайло Алиева, духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон
Лайло Алиева, духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон

Нашри як шеъри духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон дар китоби адабиёти синфи 5 бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.

Лайло Алиева, духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон, дар ҳоли ҳозир муовини раҳбари Бунёди Ҳайдар Алиев, як созмони хайриявист, ки мудирияти онро модараш -- Меҳрубон Алиева бар ӯҳда дорад. Илова бар ин, ӯ яке аз чеҳраҳои калидии бахши ҳавопаймоӣ ва телекоммуникатсияи Озарбойҷон дониста мешавад.

Истеъдоди шоирии Лайло Алиева ҳамон вақте рӯи об баромад, ки як шеъри ӯ бо номи "Элегия" дар китоби адабиёти синфи панҷум дар қатори ашъори адиби маъруф -- Ҷаъфар Ҷабборли қарор гирифт. Ин шеъри Лайло Алиева ба бобояш, ки солҳои тӯлонӣ раёсати ҷумҳури Озарбойҷонро бар дӯш дошт, яъне Ҳайдар Алиев бахшида шудааст. Дар ин шеър Лайло андӯҳу ғами худро аз даргузашти бобояш баён мекунад.

Фаиқ Шаҳбозли, раҳбари департаменти китобҳои мактабӣ дар вазорати маорифи Озарбойҷон, чопи шеъри Лайло Алиева дар китоби синфи панҷумро як кори оддӣ донистааст. Ӯ гуфтааст, "ин шеъри Алиева дар китоби асосии дарсӣ ворид нашудааст. Ин ктиоб барои хониши иловагист. Гузашта аз ин, худи шеър ҳам аҷоиб аст."

Аммо бархе аз мунтақидон ворид кардани шеъри духтари президенти Озарбойҷон ба китоби дарсиро ба мақоми ӯ ва хонаводааш рабт додаанд. Нависанда Акрам Айлисли дар сӯҳбат ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфтааст, "мумкин духтари президент надонад, ки шеъри ӯро ба китоб ворид кардаанд. Тамаллуқ дар кишвар чунон доман паҳн кардааст, ки касе ин шеърро гирифта ба китоб ворид намудааст."

Яке аз фаъолони оппозитсияи Озарбойҷон Заур Қурбонли дар блоги худ аз мардум хостааст, алайҳи чунин иқдом эътироз кунанд.
XS
SM
MD
LG