Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мубоҳисаи аввал Ромнӣ Обамаро ноком кард


Назархоҳиҳои мардумӣ нишон медиҳанд, ки дар аввалин мубоҳисаи мустақими интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012-ум номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ назар ба номзади демократ-президенти кунунии ИМА-Барак Обама баҳои баландтар гирифтааст.
Дар ин пурсиш аз чор се ҳиссаи ширкаткунандагони калонсол гуфтанд, ки Ромнӣ беҳтар буд. Назархоҳии саросари Амрикоро телевизиони CNN баъди сӯҳбати якуним соатаи номзадҳо дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо доир намуд.
Дар назархоҳии телевизиони CBS бошад, аз се ду ҳиссаи овоздиҳандагоне, ки то ҳол аз касе пуштибонӣ намекунанд, гуфтанд, ки Ромнӣ беҳтар буд.
Мубоҳисаи рӯзи чоршанберо 50 миллион амрикоӣ тамошо кардааст.
То интихоботи 6-уми ноябр ду мубоҳисаи дигари номзадҳо баргузор мешавад. Дар мубоҳисаи рӯзи чоршанбе мавзӯи асосӣ иқтисод ва низоми беҳдоштии Амрико будааст.
XS
SM
MD
LG