Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари мухолифини қирғиз барои 48 соат боздошт шудааст


Қамчибек Тошиев, раҳбари Ҳизби "Ота-Ҷурт" ва вакили порлумони Қирғизистон, барои 48 соат боздошт шудааст.

Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи раиси Ҳизби "Ота-Ҷурт" дар Қирғизистон гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ "барои ғасби ҳукумат" муттаҳам мешавад. Аммо то кунун нисбат ба ӯ расман айб эълон нашудааст.

Дар қатори Қамчибек Тошиев, инчунин сардори ҷиноҳи ҳизби “Ота Ҷурт” Содир Ҷабборов ҳам боздошт шудааст.

Дирӯз, 3-юми октябр, беш аз 10 000 нафар таҳти раҳбарии раиси ҳизби мухолифи Ота-Ҷурт Қамчибек Тошиев бо пулис даргир шуда, талош карданд, то дохили ҳавлии парлумон шаванд. Онҳо дар аввал миллӣ кардани Қумтор – бузургтарин кони тилои Қирғизистонро талаб доштанд.

Тошиев баъд аз пайвастан ба ин эътироз аз издиҳом даъват кард, то ҳукуматро сарнагун кунанд. Нерӯҳои амниятӣ алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд ва пулис низ бо сагҳо басиҷ шуда буд. Мақомот мегӯянд, вазъро феълан таҳти назорат даровардаанд. Дар ҷараёни пароканда сохтани як тазоҳурот дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон 10 тан аз эътирозгарон ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла 3 нафар тир хӯрдаанд.

Вазири умури дохилӣ Зарилбек Рисалиев аз боздошти чандин эътирозгар хабар дод.

Навор аз рӯзи сеюми октябр: Тазоҳурот дар Бишкек ба хушунат печид

XS
SM
MD
LG