Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Тоҷикистон-2012: бозии ниҳоӣ - “Истиқлол” - “Регар”


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар маркази вилояти Суғд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” соати 14 оғоз меёбад, мисли соли гузашта ду дастаи лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат хоҳанд кард.

Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, сардовар, Қурбонмаҳмад Каримов (ноҳияи Хуросон) ва Раҳмон Муртазоев (Душанбе) – ёварони сардовар, Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) довари эҳтиётӣ, Абдураҳим Бобоев (шаҳри Турсунзода) нозири доварон ва Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 барои бори 21-ум барпо мегардад. Аз ҳама бештар – 5 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Футболбозони шаҳри Турсунзода порсол дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд. Голро бозигари “Регар-ТадАЗ” Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонида буд.

Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Тоҷикистон гаштааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудаанд.
Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро ба даст овардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пенолти - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пенолти - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG