Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси аввалини Обама ва Ромнӣ анҷом ёфт


Шаби чоршанбе дар донишгоҳи Денвери аёлати Колорадои Амрико нахустин баҳси рӯбарӯи номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Барак Обама ва Митт Ромнӣ доир шуд. Президенти кунунии демократ Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Ромнӣ тӯли 90 дақиқа рӯи масоили сиёсати дохилӣ баҳс карданд.
Ин баҳси аввал аз се баҳсест, ки Ромнӣ ва Обама доир хоҳанд кард. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр жар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG