Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Обама ва Ромнӣ аз андозу мактаб шурӯъ шуд


Дар донишгоҳи Денвери аёлати Колорадои Амрико нахустин баҳси рӯбарӯи номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Барак Обама ва Митт Ромнӣ идома дорад. Президенти демократ Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Ромнӣ тӯли 90 дақиқа рӯи масоили сиёсати дохилӣ баҳс мекунанд. Дар оғози баҳс ҳарду ба масъалаи молиёт пардохтанд. Обама гуфт, ӯ кам кардани андози синфи миёнаро ваъда дода буд ва ин корро кард, чунки рушди синфи миёна асоси пешрафти Амрикост. Ӯ аз Ромнӣ интиқод кард, ки мехоҳад масрафоти низомиро зиёд кунад ва бори ин ҳамаро на ба дӯши сарватмандон, балки ба синфи миёна бор кунад. Ромнӣ инро радд кард ва гуфт, дар аҳди Обама даромади миёнаи хонаводаҳо баръакс рӯ ба харобӣ овард. Ромнӣ ҳамчунин аз Обама интиқод кард, ки ҳарчанд коҳиши андозҳо хуб аст, вале мо набояд даромади давлатро гум кунем. Обама гуфт, ӯ дар фикри коҳиши андози ширкатҳои тавлидкунанда аст, вале на барои ширкатҳое, ки мехоҳанд тавлидоти худро ба хориҷ бикӯчонанд. Ӯ ҳамчунин аз истифодаи бештари анвоъи алтернативии энержӣ ҳимоят кард, вале гуфт, барои сармоягузорӣ дар ин ришта бояд аввал касри будҷаро кам кард. Ромнӣ гуфт, дар аҳди Обама нархи маводи сӯхту хӯрока ва хадамоти тиббӣ ба маротиб боло рафт ва ҳарчанд тавлиди маводи сӯхт дар Амрико афзуд, вале ин ба шарофати сиёсати Обама набуд.
Ин баҳси аввал аз се баҳсест, ки Ромнӣ ва Обама доир хоҳанд кард. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр жар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт. Дар ин миён рӯзи 11 октябр ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва номзад ба ноибӣ дар тими Ромнӣ – Рол Раян – низ як баҳси алоҳидаи рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси ду ноиб дар шаҳри Денвилли аёлати Кентаккӣ баргузор хоҳад шуд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG