Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти НАТО аз Туркия дар қазияи шиллики хумпора


Туркия гуфт, низомиҳояш дар посух ба шиллики дирӯзаи хумпора, ки 5 шаҳрванди Туркияро кушт, аҳдоферо дар дохили Сурия ҳамла кардаанд. Мақомоти Сурия бо изҳори ҳамдардӣ аз ҳалокати афрод мегӯянд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун Сурияро ба эҳтироми тамоми арзии ҳамсояҳояш даъват кард ва ҳушдор дод, ки низоъи Сурия ба таври афзоянда ба кишварҳои дигари минтақа асар мекунад. Туркия аз СММ хост, то ҷиҳати хатми ҳамлаҳои Сурия “тадобири лозим” биандешад. Сафирони НАТО шаби гузашта дар Брюссел бо изҳори пуштибонии комил аз Туркия, аз Сурия талаб карданд, ки ба “аъмоли таҳоҷумӣ” алайҳи ин узви НАТО поён диҳад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз шиллики хумпора ба қаламрави Туркия изҳори “хашму ғазаб” кард.
XS
SM
MD
LG