Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул ҳамоно сулҳ бо Толибонро таъқиб хоҳад кард


Вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул гуфт, Кобул ба тааҳҳудаш ҷиҳати таъқиби сулҳ бо Толибон ба хотири хатми солиёни хушунат содиқ боқӣ мемонад. Залмай Расул дар ин бора дар Вошингтон зимни мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон ва баҳси ҷараёни иҷрои Паймони мушорикати стротегии Афғонистону Амрико сӯҳбат кард. Клинтон гуфт, Амрико ҳатто баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2012 низ ба тааҳҳудоташ дар қиболи Афғонистон пойбанд боқӣ мемонад. Ӯ ёдовар шуд, ки шумори амрикоиҳои кушташуда дар 11 соли ҷанг дар Афғонистон ахиран ба 2000 расид.
XS
SM
MD
LG