Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Теҳрон баъди саркӯбии саррофон баста шуд


Дӯконҳои бастаи бозори Теҳрон
Дӯконҳои бастаи бозори Теҳрон
Бозори Теҳрон дирӯз дар пайи саркӯбии саррофони бозори сиёҳи асъор баста шуд. Шоҳидон ба Reuters ва AFP гуфтаанд, ки пулис бо эътирозгарони аз уфти қурби риёл бахашмомада даргир шуд. Пули миллии Эрон дар як ҳафтаи охир сеяки қурбашро гум кард. Аз аввали сол қурби риёл 80 дарсад коҳиш ёфтааст. Давлати Эрон саррофонро ба “задан”-и қурби риёл айбдор кард ва гуфт, мақомоти амниятӣ бояд ҷаллобонро дастгир кунанд. Вазорати хориҷаи Амрико аммо уфти қурби риёлро натиҷаи таҳримоти байналмилалие номид, ки ба маҳзи барномаи баҳсбарангези ҳастаияш алайҳи Эрон эъмол шудааст.
XS
SM
MD
LG