Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се голи Роналдо ба дарвозаи "Аякс"


Роналдо(Акс аз бойгонӣ)

Роналдо(Акс аз бойгонӣ)

“Реал”-и Мадрид бо шарофати 3 тӯби Кристиано Роналдо дар даври дувуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо тими ҳолландии “Аякс”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. “Манчестер Ситӣ” танҳо дар поёни бозӣ як голи ҷавобӣ зада, бозиаш бо “Боруссия”-и Дортмундро 1:1 кард. Бозии “Шахтёр”-и Донетск бо “Ювентус” низ бо айни натиҷа мусовӣ анҷом ёфт. “Динамо”-и Киев бар “Динамо”-и Загреб бо натиҷаи 2:0 ва “Арсенал”-и Лондон бо ҳисоби 3:1 бар “Олимпиакос” пирӯз шуданд. Вале “Зенит” дар майдони худаш дар Санкт-Петербург аз “Милан” бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG